ФФТ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи майро эълон кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ФФТ, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак […]

ASIA-Plus



Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ФФТ, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд.

Гуфта мешавад, ба беҳтаринҳои моҳи май ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол” беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол” беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март, Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол” беҳтарин бозигар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел эълон шуда буданд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.