Таъсиси гурӯҳи кории ВКД оид ба таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба Кабирӣ



Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҳодисаи рӯзи 10 июни соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб нисбати роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон рухдода, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар таъсис дода шуда, санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳамчунин оид ба ҳодисаи дар назди Сафорати Британияи Кабир (Англия) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 10 июни соли равон ба вуқӯъ пайваст, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милистия Умарзода Икром Ислом таъсис дода шуда, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное