Шиносоии дӯзандагони Тоҷикистон бо усули нодири «3G Tailor»

Тақрибан бист тренер ва корбарони мошинаҳои дӯзандагии ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон бо усули нодиру муосири омӯзишии “3G Tailor” аз ироагари маъруфи хадамоти машваратӣ дар саноати дӯзандагӣ дар Осиё – Rajesh Bheda Consulting, шинос мешаванд. Ин усул замони омӯзишро то ба 75% коҳиш дода, самаранокии  кори коромӯзонро беҳтар месозад. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, давраи […]

ASIA-Plus



Тақрибан бист тренер ва корбарони мошинаҳои дӯзандагии ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон бо усули нодиру муосири омӯзишии “3G Tailor” аз ироагари маъруфи хадамоти машваратӣ дар саноати дӯзандагӣ дар Осиё – Rajesh Bheda Consulting, шинос мешаванд. Ин усул замони омӯзишро то ба 75% коҳиш дода, самаранокии  кори коромӯзонро беҳтар месозад.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, давраи омӯзишии “Тамрини мураббӣ” (“Train the Trainer”) бо усули “3G Tailor” имрӯз, 12-уми июн, дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд ва дар чаҳорчӯбаи он тренерони оянда аз коршиноси аршади ширкати Раҷеш Бҳеда Консалтинг ҷаноби Пол Колйер омӯзиш мегиранд. Ҷаноби Колйер таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи кор дар саноати дӯзандагиро дорад. Намояндагони ширкатҳое назири “Дилором”, “Лидер”, “Ноҳид”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Фирӯз” ва “Текстил Ситӣ” дар ин давраи омӯзишӣ ҳузур доранд. Ин давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ бо номи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Яке аз мушкилоти асосие, ки корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон рӯбарӯ мешаванд, камбуди мутахассисон, хусусан дӯзандашони моҳиру таҷрибадор мебошад ва бино бар сабабҳои молӣ наметавонанд кормандони навро омӯзиши кофӣ бидиҳанд. Раҷеш Бҳеда, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ ва мудири иҷроияи ширкати консалтингии “Раҷеш Бҳеда Консалтинг”, мегӯяд, давраи омӯзишии “3G Tailor” бо ҳадафи талоше ҷиҳати рафъи ин мушкил баргузор мегардад. Ӯ мегӯяд: “Мақсуди ин усул омода кардани мутахассисонест, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта дигаронро омӯзиш дода тавонанд, ки чӣ гуна аз таҷҳизоти навтарин истифода бояд бурд. Ин усул дар корхонаҳои пешрафтаи дӯзандагии  Бритониёи Кабир, Чин, Ҳиндустон ва Шри-Ланка натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо асосҳои омӯзонидани калонсолон, муоширати муассир ва маҳорати тренерӣ шинос мешаванд. Наворҳои видеоии таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ барои таҳлили усулҳои тренерӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ намоиш дода мешавад”. 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.