Роҳбари тозатаъини ФАОдар ҶТ ба С.Аслов эътимоднома супурд



Рӯзи 12 июни соли 2014 Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии СММ (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутуро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Эътимодномаи худро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз супоридани эътимоднома, суҳбат баргузор шуд, ки дар рафти он Вазир мавсуфро ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиаш комёбиҳо таманно кард.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ояндаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Созмонро муҳокима намудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное