Дар Тоҷикистон акнун донаи офтобпараст ҳам дорои меъёри «Ҳалол» мешавад

Дар Тоҷикистон акнун ҳатто нони хушкшуда (сухарики), вафли ва донаи офтобпараст (семечки) ҳам таҳти тамғаи «Ҳалол» истеҳсол карда мешаванд. Агентии «Тоҷикстнадарт» ба корхонаҳои «Тоҷснек» ва «Маколли», ки ба истеҳсоли ин навъи маҳсулот машғуланд, сертификати меъёри «Ҳалол» супурд. Муовини сардори Раёсати стандартикунонии Агентӣ Тоҳир Одинаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар Тоҷикистон акнун ҳатто нони хушкшуда (сухарики), вафли ва донаи офтобпараст (семечки) ҳам таҳти тамғаи «Ҳалол» истеҳсол карда мешаванд. Агентии «Тоҷикстнадарт» ба корхонаҳои «Тоҷснек» ва «Маколли», ки ба истеҳсоли ин навъи маҳсулот машғуланд, сертификати меъёри «Ҳалол» супурд.

Муовини сардори Раёсати стандартикунонии Агентӣ Тоҳир Одинаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 14 корхона ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шудаанд. «Дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ инҳо – корхонаҳои «Тоҷснек», «Маколли», «Покиза Н» ва коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиби «Амирӣ», «Азиза» ва Баҳор» мебошанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар қаламрави вилояти Суғд ба корхонахои «Файзи Расул» (танҳо ба маснӯоти гӯштӣ), «Темуриён» (маснӯоти ҳасибӣ), «Фархунда» (тушбера, барак) ва коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиби «Дадабоев», «Маҳмудов», «Зарифов» ва «Азизӣ» сертификати меъёри «Ҳалол» супурда шудааст.

Тоҳир Одинаев ҳамчунин гуфт, дар вилояти Хатлон танҳо корхонаи истеҳсоли маснӯоти гӯштии «Салимҷон» ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб аст. «Айни замон барои гирифтани сертификати «Ҳалол» ба мо 5 дархост ворид шуд ва феълан мутахассисони мо мутобиқати ин корхонаҳо ба меъёри «Ҳалол»-ро меомӯзанд», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шакли тоҷикии иҷозатномаи «Ҳалол» бо се забон – тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ навиштаҷот дорад.

«Ҳалол» барои мусалмонон тамғае мебошад, ки истеҳсоли маҳсулот бо риояи анъанаҳои мусалмониро тасдиқ мекунад. Ин маҳсулот таркибҳои манъшудаи истифодаи он дар ғизои мусалмононро надорад.

Дар паҳнои ИДМ меъёри «Ҳалол» аллакай амал мекунад. Моҳи апрели соли 2014 Иттиҳоди АвруОсиёии стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии «Ҳалол» бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти дахлдори Русия, Қазоқистон ва Беларус шомил гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.