Баррасии мушкилоти давраи гузариш дар Афғонистон дар Брюссел

Рӯзи 11-уми июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел зери унвони “2014 – Афғонистон дар давраи гузариш”, ки аз ҷониби маркази бонуфузи байналмилалии таҳқиқотии “EastWest Institute” созмон дода шуд, конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Бино ба маълуомти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия, дар чорабинии мазкур, ки ҳадаф аз он муҳокима ва баҳодиҳии вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 11-уми июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел зери унвони “2014 – Афғонистон дар давраи гузариш”, ки аз ҷониби маркази бонуфузи байналмилалии таҳқиқотии “EastWest Institute” созмон дода шуд, конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Бино ба маълуомти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия, дар чорабинии мазкур, ки ҳадаф аз он муҳокима ва баҳодиҳии вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон дар давраи хеле ҳассос ва ҳаётан муҳим – интихоботи президентӣ ва хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз ин кишвар буд, як қатор сафирон ва дипломатҳои баландпояи намояндагиҳои доимии кишварҳои хориҷӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, як зумра марказҳои тадқиқотии илмию сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни конфронс таъкид сохтанд, ки бемонеа паси сар кардани давраи гузариши сиёсӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ қабл аз хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар охири соли 2014 барои кишвари ҷангзадаи Афғонистон як нишонаи хубе барои даҳсолаи тағйирот хоҳад буд. Тазаккур дода шуд, ки Афғонистон дорои иқтидори бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ буда, дар чорроҳаи стратегии Осиё ҷойгир аст. Аз ин лиҳоз, баромадкунандагон иштироки фаъоли Афғонистонро дар ҳамгироии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии минтақа ҳамчун омили муҳими эҳёи иқтисод, субот ва пешравии ин кишвар номиданд.

Дар баромади худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар бораи саҳми Тоҷикистон ба эътидолсозии вазъи амниятиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ҳамкории дуҷонибаи иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироии минтақавии Афғонистон маълумоти муфассал дод. Ӯ назари Тоҷикистонро дар бобати таъсиру аҳамияти махсуси Афғонистон дар сулҳу суботи минтақавӣ ва пешрафти иқтисодиёти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баён намуд. Сафири Тоҷикистон ҳамзамон омӯзишу татбиқи таҷрибаи камназири сулҳи тоҷиконро дар босубот гардондани вазъи дохилии Афғонистон тазаккур дод. Лоиҳаҳои муҳими минтақавии инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки ба Афғонистон ва Тоҷикистон рабт доранд, ҳамчун дорои дурнамои умедбахш номбар гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.