Изҳороти сафири Британияи Кабир оид ба намоиши ғайриқонунӣ дар назди сафорат

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон барои саривақт пароканда кардани пикети ғайриқонунӣ дар назди бинои сафорат изҳори миннатдорӣ мекунад. Дар изҳороти интишоршудаи сафир дар ин робита зикр мегардад, ки сафорат ва ҳукумати Британияи Кабир озодии баён ва ҳуқуқ ба баргузории намоишу гирдиҳамойиҳоро дастгирӣ мекунад, вале аз он мутаасиф аст, ки […]

ASIA-Plus



Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон барои саривақт пароканда кардани пикети ғайриқонунӣ дар назди бинои сафорат изҳори миннатдорӣ мекунад.

Дар изҳороти интишоршудаи сафир дар ин робита зикр мегардад, ки сафорат ва ҳукумати Британияи Кабир озодии баён ва ҳуқуқ ба баргузории намоишу гирдиҳамойиҳоро дастгирӣ мекунад, вале аз он мутаасиф аст, ки аз ҷониби иштирокчиёни пикет ба амволи сафорат зиён оварда шудааст.

«Ман тасдиқ мекунам, ки ҳеҷ кадоме аз кормандони сафоратхона осеб надида, мо аз ҳукуматдорони тоҷик миннатпазирем, зеро вақте кор то амалҳои зӯроварӣ расид, онҳо саривақт ба пароканда кардани намоиш кумак карданд», – омадааст дар изҳорот.

Сафир гуфтааст, мушаххасан огаҳ нест, ки сабаби баргузории ин намоиш чист, зеро ба сафоратхона дар ин бора ҳеҷ мактуб ё огоҳиномае нарасидааст. «Вале ман ва сафоратхонаи Британияи Кабир барои бо тарзи созанда ҳамкорӣ намудан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ омода ва хушнудем», – изҳор кардааст Робин Орд-Смит.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми июн дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон

пикети ғайриқонунӣ

баргузор шуда, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт. Ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд.Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор нафар мардон ҳам ба занҳо ҳамроҳ шудаанд. Мардон посбононро лату кӯб карда, занон ба сангу шишапартойӣ ба бинои сафоратхона идома доданд.

Дар ҳамин ҳол, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҳодисаи рӯзи 10 июни соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб нисбати роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон рухдода,

гурӯҳи корӣ

бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар таъсис дода шуда, санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.