«Тоҷиктрансгаз» қитъаҳои лӯлаҳои шоҳроҳии газро барқарор мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» корҳои таъмиру азнавсозии қитъаҳои лӯлаи газ дар вилоятҳои Суғду Хатлонро оғоз намуд. Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз интиқол шудан ё нашудани газ, корҳои таъмиру барқароркунии хатҳои шоҳроҳии лӯлаҳои газ ҳамасола гузаронида мешаванд. «Лӯлаҳои газ бояд ҳамеша дар ҳолати коршоям бошанд, зеро агар […]

Заррина Эргашева



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» корҳои таъмиру азнавсозии қитъаҳои лӯлаи газ дар вилоятҳои Суғду Хатлонро оғоз намуд.

Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз интиқол шудан ё нашудани газ, корҳои таъмиру барқароркунии хатҳои шоҳроҳии лӯлаҳои газ ҳамасола гузаронида мешаванд.

«Лӯлаҳои газ бояд ҳамеша дар ҳолати коршоям бошанд, зеро агар Ӯзбекистон ба интиқоли газ ба Тоҷикистон розӣ шавад, мо бояд бидуни таъхир онро амалӣ созем, – гуфтанд дар корхона.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ ва азнавсозии лӯлаҳои газ на аз ҳисоби маблағҳои «Тоҷиктрансгаз», балки аз ҳисоби воситаҳои буҷетӣ анҷом дода мешаванд. «Маблағи ин корҳо дар қитъаи лӯлаҳои гази вилояти Суғд 285,4 ҳазор ва Хатлон – 621 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт манбаъ.

Ҳамасола барои таъмиру азнавсозӣ ва барқароркунии лӯлаҳои интиқоли газ аз буҷети кишвар ба сифати маблағгузории асосии мутамарказ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳудуди 1 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардид. Гуфтушунидҳои солҳои 2012, 2013 ва 2014 оид ба ин масъала ҳеҷ натиҷае ба бор наоварданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.