Дар Тоҷикистон беш аз 126 ҳазор ҷойи корӣ таъсис доданианд

Соли равон дар Тоҷикистон 126,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис доданианд, ки нисбат ба соли гузашта 1,1% зиёдтар аст. Тавре дар «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-206» дар ин робита зикр мегардад, афзоши ҷойҳои корӣ аз ҳисоби таъсиси корхонаҳои нав, коргоҳ ва дигар навъҳои истеҳсолот ба нақша гирифта шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, дар соли […]

ASIA-Plus



Соли равон дар Тоҷикистон 126,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис доданианд, ки нисбат ба соли гузашта 1,1% зиёдтар аст.

Тавре дар «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-206» дар ин робита зикр мегардад, афзоши ҷойҳои корӣ аз ҳисоби таъсиси корхонаҳои нав, коргоҳ ва дигар навъҳои истеҳсолот ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи пешгӯиҳо, дар соли 2015 таъсиси 127,7 ҳазор ва соли 2016 таъсиси 127,3 ҷойҳои корӣ пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шумори бекорони расман сабтшуда аз рӯйи натиҷаҳои соли равон бояд – 57 ҳазор, соли 2015 – 58,3 ҳазор ва соли 2016 – 59,5 ҳазор нафарро ташкил диҳад. Шумораи аҳолии машғули кор дар иқтисод аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ 2 млн. 506,7 ҳазор нафар пешбинӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи натиҷаҳои гузориши

Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ)

таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд. Мутобиқи гузориш, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% поин меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.