Кумитаи андоз пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҲНИТ-ро тақозо дорад

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон пардохти 14 ҳазор маблаги ҷарима аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон тақозо намуд. Тавре сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов иттилоъ дод, рӯзи12-уми июни соли равон Раёсати андози ноҳияи Шӯрообод Муҳаммадишо Ҷомиев, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро ба дафтари кумитаи мазкур даъват карда, огоҳиномаи кумитаро, ки тибқи он бояд бахши ҲНИТ дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон пардохти 14 ҳазор маблаги ҷарима аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон тақозо намуд.

Тавре сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов иттилоъ дод, рӯзи12-уми июни соли равон Раёсати андози ноҳияи Шӯрообод Муҳаммадишо Ҷомиев, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро ба дафтари кумитаи мазкур даъват карда, огоҳиномаи кумитаро, ки тибқи он бояд бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур 14 ҳазор сомонӣ ҷарима бипардозад, ба ӯ медиҳанд.

Дар матни огоҳинома гуфта мешавад: «Нозироти андоз дар ноҳияи Шӯрообод Шуморо огоҳ менамояд, ки мутобиқи қисми яки моддаи 25-и Кодекси андози ҶТ Шумо бояд ҳамчун андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда гирифта, аз қайди нозироти андоз мегузаштед. Бинобар аз сабаби аз қайд нагузаштан дар Нозироти андоз, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мутобиқи моддаи 603 300 (сесад) нишондиҳанда ба маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ба шахси мансабдор ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».

Ба гуфтаи манбаъ, худи ҳамон рӯз яке аз фаъолон ва узви ҲНИТ Дилшод Ғаффоров, ки дар вохӯрии раиси ҳизб дар Кӯлоб ҳузур доштааст, ба шуъбаи корҳои дохилӣи ноҳия «барои суҳбат» даъват карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки

 санаи 10-уми июн 

ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ 

изҳороти расмӣ

 интишор намуд.

Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб изҳор намуданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки санаи 10-уми июн содир гардида буд,

боздошт намуданд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.