Таъсиси гӯшаи Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи 12-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтоҳи гӯшаи Муҳаммадҷон Шакурӣ доир гардид, ки дар он китобхонаи шахсии академик ҷой дода шудааст. Котиби матбуотии Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи гӯша беш аз 100 нафар – олимон, дӯстон, шогирдон ва аҳли оилаи Шакурӣ ҳузур […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтоҳи гӯшаи

Муҳаммадҷон Шакурӣ

доир гардид, ки дар он китобхонаи шахсии академик ҷой дода шудааст.

Котиби матбуотии Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи гӯша беш аз 100 нафар – олимон, дӯстон, шогирдон ва аҳли оилаи Шакурӣ ҳузур доштаанд.

«Гӯшаи китобхонаи шахсии академик Шакурӣ бо ташаббуси ҳамсари ӯ Дилафрӯз Икромӣ таъсис дода шуд, ки духтари нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ мебошад. Айни замон дар толори «Таҳқиқоти илмӣ»-и китобхона 8 гӯшаи китобхонаҳои шахсии академикҳо, аз ҷумла Михаил Боголюбов, Аҳрор Мухторов, Фозил Тоҳиров, Раҷаб Амонов, Талбак Назаров, Раҳими Мусулмониён ва Баҳриддин Исматов ташкил карда шудаанд», – иброз дошт сухангӯи китобхона.

Ба қавли ӯ, феълан гӯшаи китобхонаи шахсии Муҳаммадҷон Шакурӣ дорои беш аз 8 ҳазор нусха китобу маҷалла мебошад, ки миёни дигар гӯшаҳо аз ҳама ғанитару сершумортар аст. «Ҳамсари академик зимни суханронаш зикр кард, ки дар шӯрои оилавӣ бобати ба китобхона тақдим кардани осори Шакурӣ тасмим гирифта шуда, фарзандони олим низ онро бо хушнудӣ истиқбол кардаанд», – гуфт Яъқубова.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз маросими расмии гӯшаи китобхонаи шахсии академик, ҳамчунин ҳамин рӯз чорабинии шоми ёдбуди Шакурӣ низ доир гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз бемории тӯлонӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар синни 87-солагӣ

аз олам даргузашт.

Муҳаммадҷон Шакурӣ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Тӯли умри пурбаракаташ устод 44 китоб ва бештар аз 500 мақола таълиф кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.