Конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ дар Душанбе

Рӯзи 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оид ба табодули таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамкории энергетикӣ конфронси минтақавӣ доир мегардад. Созмондиҳандагони конфронс Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА ва Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд. Дар конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оид ба табодули таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамкории энергетикӣ конфронси минтақавӣ доир мегардад.

Созмондиҳандагони конфронс Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА ва Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд.

Дар конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар бахши энергетика, истеҳсолот, қарордодҳо оид ба транзит ва ҳамчунин моделҳои муваффақ барои рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалахои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин атрофи масъалаҳои асосҳои дипломатияи энергетикӣ ва мусоидати он ба бунёди таҳкурсӣ ҷиҳати тавсеъаи муколама оид ба таъсиси «Маркази дипломатияи энергетикӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2015 таҳти сарпарастии ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари САҲА табодули назар сурат мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс меҳмононро бо суханронии шодбошӣ вазири энергетика ва захирахои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири ҶТ Азим Иброҳим ва роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Маркус Мюллер хайрамақдам мегӯянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.