Сафари расмии нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 17-18-уми июн нахуствазири Покистон Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар ҷараёни сафари нахутсвазири Покистн дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст. Бино ба маълумти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 6 июни соли 1992 байни […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 17-18-уми июн нахуствазири Покистон Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни сафари нахутсвазири Покистн дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.

Бино ба маълумти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Амҷад Ҳуссейн Сиял аз 21 июни соли 2012. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷононов Шералӣ Сайдамирович аз 6 январи соли 2013. Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар давоми 21 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар тақрибан 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд.

Дар соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14 млн. 850,1 ҳазор долл. ИМА ва дар соли 2012 бошад, ба 78 млн 814,8 ҳазор доллар расид, ки аз он содирот 26 млн. 498,5 ҳазор доллар ва воридот 52 млн. 316,3 ҳазор долларро ва нисбати 8 моҳаи соли 2012 бошад, ба 28 млн. 228,3 ҳазор доллар расид, ки аз он содирот 15 млн.4000 ҳазор доллар ва воридот 28 млн.228,3 ҳазор долларо ташкил дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.