Коҳиши начандон зиёди қурби доллар дар Тоҷикистон

Аз оғози моҳи июни соли 2014 қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 0,1% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, имрӯз қурби бозории хариди 1 доллари ИМА ба ҳисоби миёна 5,09 сомонӣ ва фурӯш – 5,11 сомониро ташкил медиҳад. Феълан қурби фурӯши миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои […]

ASIA-Plus



Аз оғози моҳи июни соли 2014 қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 0,1% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, имрӯз қурби бозории хариди 1 доллари ИМА ба ҳисоби миёна 5,09 сомонӣ ва фурӯш – 5,11 сомониро ташкил медиҳад.

Феълан қурби фурӯши миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба 5,11 сомонӣ, Қӯрғонтеппа ба 5,12 сомонӣ, Кӯлоб – 5,10 сомонӣ ва Хоруғ – 5,05 сомонӣ баробар аст.

Қурби расмии доллари ИМА, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, баръакс нисбат ба аввали моҳи июн (4,91 сомонӣ) боло рафта, имрӯз 4,92 сомониро ташкил медиҳад.

Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, ба 0,1452-0,1462 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,9130-6,9390 сомонӣ барои як евро баробар шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.