ИА ба Агентии ҳифзи иҷтимоӣ таҷҳизоти компютерӣ ҳадя кард

Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа”, Иттиҳоди Аврупо (ИА) имрӯз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютериро тӯҳфа кардааст. Бино ба маълумоти намояндагии ИА дар ҶТ, маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз чизҳои зерин аст: 3-то сервер, 2-то манбаъи таъмини доимии барқ (УПС) барои маркази ҷамъоварии маълумот, 108-то УПС […]

ASIA-Plus



Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа”, Иттиҳоди Аврупо (ИА) имрӯз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютериро тӯҳфа кардааст.

Бино ба маълумоти намояндагии ИА дар ҶТ, маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз чизҳои зерин аст: 3-то сервер, 2-то манбаъи таъмини доимии барқ (УПС) барои маркази ҷамъоварии маълумот, 108-то УПС барои таҷҳизоти шабакавӣ, 4-то кондитсионер, 78-то таҷҳизоти ВПН (VPN), 850-то компютери сабук (ноутбук), 115-то чопкунаки (принтери) лазерӣ бо симу ноқилҳо, васлакҳои шабака ва пайвандкунакҳо. Маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати “КАНКОМ он лайн ГмбХ” дастрас мегардад, ба 894 000 евро (тақрибан 6 250 000 сомонӣ) баробар аст.

Таҷҳизоти компютерии зикршуда бояд ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Акнун ҷиҳати ҳисоб кардани ҳаҷми нафақаи ҳар як нафар аз рўи пардохти маблағҳои суғуртавияш, мудирияти низоми нафақа системаи нави иттилоотиро дар даст дошта метавонад маълумотҳои заруриро ҷамъ, ҳифз ва коркард бикунад.

Лоиҳаи марбут “Кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон” бо маблағи умумияш 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона карда шуда, то охири соли 2014 давом хоҳад дошт. Дар оянда ингуна кӯмакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо “Дастгирии рушди инсонӣ” (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома дода мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.