Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс




– 14


июн



дар арт-галереяи «Мино» намоишгоҳи аксу ҳунарҳои «Занон ва кӯҳҳо» доир мегардад. Оғоз соати 10-00;


– 14


июн



дар филиали Маркази ҷумҳуриявии хун дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷашни Рӯзи байнулмилалии донорҳо (хунсупорони ихтиёрӣ)-ро таҷлил мекунанд;


– 15


июн



дар арт-галереяи «Мино» намоишгоҳи аксу ҳунарҳои «Занон ва кӯҳҳо» идома меёбад;


– 15


июн



дар Маркази исмоилияи пойтахт ҷашнвораи тобистонаи «Smile and create» баргузор мешавад. Оғоз соати 14-00;



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9237

сомонӣ;


1

евро –

6.6928

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1428

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


14 Июн


1931

— Бо фармони Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.


2000

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.


2009

— Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узвии СААД дар Маскав иштирок кард, ки дар он дар бораи таъсиси Нерӯҳои зудамали кишварҳои узви СААД созишнома ба имзо расид.


1932-1995

– Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Ҳаким Маҳмуд.


1939

– Мавлуди доктори улуми биология, профессор Муҳаббат Бобоҷонова.


1944

– Зодрӯзи оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.


1951

– Мавлуди муаррих ва сиёсатшинос Худойбердӣ Холиқназаров.


 


15 Июн


1996

— Таъсиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ).


2001

– Каме дуртар аз Тавилдара 15 нафар кормандони созмони байнулмилалии «Агроаксияи Олмон» аз ҷониби сардори шӯъбаи КҲФ ва МГ-и ин ноҳия Ҳасан Саидаҳмадов гаравгон гирифта шуданд.


2011

— Парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулият падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро маъқул шуморид.


1928-1987

– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев.


1928

– Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев.


1928-2007

– Зодрӯзи профессор Аъзам Пӯлодов.


1935

– Мавлуди журналист Абдулло Ҷонбеков.


1937-2008

– Зодрӯзи адабиётшинос Шамсулло Девонаев.


1942

– Мавлуди гӯштингир Саидмӯъмин Раҳимов.


1942

– Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов.


1943

– Мавлуди нависанда Фотеҳ Абдулло.


1946

– Зодрӯзи журналист Саидмухтор Олимов.


1947

– Мавлуди Хумдин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии ҶТ. Моҳи августи соли 2007 аз олам даргузашт.


1951

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов.


1954

– Мавлуди шоира Зулфия Атоева.



Вазъи обу


ҳ


аво


14-уми июн


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.


 


15-уми июн


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +22+27.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +19+24.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +22+27;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +25+27.

spot_imgspot_img

Популярное