Оғози ҷамъоварии зироати ғалладона дар Тоҷикистон

Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона оғоз гардид. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, деҳқонони вилояти Хатлон кишти баҳории зироати ғалладонаро дар майдони 16 ҳазор гектар анҷом додаанд, ки аз нишондиҳандаи пешбинишуда 79% зиёдтар аст. Қисмати асосии кишти баҳории зироати ғалладонаро гандум – 6,6 ҳазор гектар, ҷуворимакка – 3,1 ҳазор гектар, шолӣ – 1,5 […]

Заррина Эргашева



Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона оғоз гардид.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, деҳқонони вилояти Хатлон кишти баҳории зироати ғалладонаро дар майдони 16 ҳазор гектар анҷом додаанд, ки аз нишондиҳандаи пешбинишуда 79% зиёдтар аст.

Қисмати асосии кишти баҳории зироати ғалладонаро гандум – 6,6 ҳазор гектар, ҷуворимакка – 3,1 ҳазор гектар, шолӣ – 1,5 ҳазор гектар ва дигар навъҳои зироати ғалладона – 4,6 ҳазор гектар ташкил медиҳанд.

Дар саросари ҷумҳурӣ бошад, дар майдони 108,8 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,1 ҳазор гектар бештар мебошад.

Кишти баҳори зироати ғалладона аз ҳама бештар дар вилояти Суғд – дар 63,4 ҳазор гектар гузаронида шуда, дар ВМКБ – 5 ҳазор гектар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 23,7 ҳазор гектаррро ташкил медиҳад.

Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.