Медали биринҷии варзишгари Тоҷикистон дар Доғистон

Залимхон Юсуфов, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Алӣ Алиев, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, дар Доғистон медали биринҷӣ ба даст овард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Каспийски Доғистони Русия бо ширкати ҳудуди 200 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Залимхон Юсуфов дар рақобатҳо дар вазни […]

ASIA-Plus



Залимхон Юсуфов, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Алӣ Алиев, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, дар Доғистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Каспийски Доғистони Русия бо ширкати ҳудуди 200 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Залимхон Юсуфов дар рақобатҳо дар вазни то 66 килограмм мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Элдар Наҷмиддинов (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомедгаджӣ Абакаров (Доғистон) ғолиб омад, ҷойи аввалро гирифт.»

Гуфта мешавад, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз ҷому медалу ифтихорнома, барои ҷойи аввал бо 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум бо 3 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум бо як ҳазор доллар мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Залимхон Юсуфов, ки дар Доғистон ба сар мебарад, аз соли 2012 Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вай имсол дар Ҷоми Рамзан Қодиров, сарвари Чеченистон, дар Грозний медали нуқра ба даст оварда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.