Маҳдудияти дастрасӣ ба Google ва сервиси почтавии Gmail

Сокинони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки Google  ва сервиси почтавии Gmail тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дастнорас аст. Дарҳол пас аз қатъи дастрасӣ ба видеохостинги Youtube, чанде аз операторони мобилӣ дастрасӣ ба Google  ва  Gmail-ро низ қатъ карданд, ки ин ҳолат дар операторони мобилии Tcell ва Мегафон ба мушоҳида мерасад. Ба саволи корбарон дар робита ба ин […]

Меҳрангез Турсунзода



Сокинони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки Google  ва сервиси почтавии Gmail тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дастнорас аст.

Дарҳол пас аз қатъи дастрасӣ ба видеохостинги Youtube, чанде аз операторони мобилӣ дастрасӣ ба Google  ва  Gmail-ро низ қатъ карданд, ки ин ҳолат дар операторони мобилии Tcell ва Мегафон ба мушоҳида мерасад.

Ба саволи корбарон дар робита ба ин масъала аз ширкати Tcell расман посух доданд, ки Youtube дар қатори Gmail қисмате аз портали умумии Google аст ва аз ин рӯ, қатъи дастрасӣ ба Youtube ба сатҳи дастрасӣ ба сервиси Gmail низ таъсир мерасонад. «Аммо мутахассисони фаннии ширкати Tcell баҳри рафъи мушкилот ва барқарор кардани дастрасӣ ба Gmail дар алоҳидагӣ кӯшиш карда истодаанд», – посух дод оператор.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати Мегафон аз ин маълумот изҳори тааҷҷуб намуда, зикр арданд, ки онҳо дар бораи мавҷуд набудани дастасӣ ба Google  ва  Gmail огаҳӣ надоранд.

Ёдрас мекунем, ки аз санаи 10-уми июн чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро 

қатъ намуданд.

 

Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки «таҷриба гувоҳи он аст, ки агар якчанд ширкатҳои фароҳамсози интернет дар як вақт дастрасӣ ба видеохостинги мазкурро қатъ намоянд, ин маънои онро дорад, ки аз боло супориш шудааст». Бо супориши хаттӣ ё шифоҳии Хадамоти алоқаи ҶТ сурат гирифтани ин амалро низ ӯ аз эҳтимол дур надониста буд.

Аммо сардори раёсати иттилоотонии ширкати милли фароҳамсози интернети «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров ба Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала зикр кард, ки Хадамоти алоқа мактубе ирсол накардаву оид ба қатъи дастрасӣ ба Youtube супорише надодааст. «Мо ҳам намедонем, ки чаро Youtube дар мо кор намекунад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи хабаргузории «Tojnews» низ аз 10-уми июн дастнорас аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.