Сарфи назар аз фишорҳои ахир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои идона таҷлил хоҳад кард.
Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «сарфи назар аз фишори афзоянда болои ҲНИТ, барои мо сулҳ ва оромии нисбӣ хеле муҳим аст, зеро он бо хуни шаҳидон ва бо хеле мушкилиҳо ба даст омадааст».
«Умедворам, ки дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ сарвари давлат оид ба мушкилоти ҳаёти кишвар, бахусус фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамлаҳо ба вакилон дар Кӯлобу Бадахшон изҳори назар мекунад, зеро ӯ кафили тамоми озодиҳои шаҳрвандону таъмини сулҳ дар кишвар аст», – гуфт Файзраҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 24-уми июн ба ин муносибат ҲНИТ бо иштироки раҳбарият ва ҷонибдорони ҳизб, намояндагони корпуси дипломатӣ, ҳукумати кишвар, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир намуда, дар манотиқи кишвар бошад, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.



