ҲНИТ умедвор аст, ки Раҳмон Рӯзи ваҳдати миллӣ аз фишор болои ҳизб ҳарф мезанад

Сарфи назар аз фишорҳои ахир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои идона таҷлил хоҳад кард. Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «сарфи назар аз фишори афзоянда болои ҲНИТ, барои мо сулҳ ва оромии нисбӣ хеле муҳим аст, зеро он бо хуни шаҳидон ва бо […]

Меҳрангез Турсунзода



Сарфи назар аз фишорҳои ахир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои идона таҷлил хоҳад кард.

Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «сарфи назар аз фишори афзоянда болои ҲНИТ, барои мо сулҳ ва оромии нисбӣ хеле муҳим аст, зеро он бо хуни шаҳидон ва бо хеле мушкилиҳо ба даст омадааст».

«Умедворам, ки дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ сарвари давлат оид ба мушкилоти ҳаёти кишвар, бахусус фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамлаҳо ба вакилон дар Кӯлобу Бадахшон изҳори назар мекунад, зеро ӯ кафили тамоми озодиҳои шаҳрвандону таъмини сулҳ дар кишвар аст», – гуфт Файзраҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 24-уми июн ба ин муносибат ҲНИТ бо иштироки раҳбарият ва ҷонибдорони ҳизб, намояндагони корпуси дипломатӣ, ҳукумати кишвар, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир намуда, дар манотиқи кишвар бошад, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.