Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон



Нимаи дуюми рӯзи 17-уми июн дар Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду маориф ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар нахуст зери Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, Ёдошти тафоҳум миёни Ҳукумати ҶТ тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бахши рушди соҳаи нассоҷӣ,Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти шаҳр ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод низ ба имзо расиданд.

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои шарикии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.

Муҳаммад Навоз Шариф аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон мувофиқ ба Покистон бо сафари расмӣ ташриф барад.

spot_imgspot_img

Популярное