Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон

Нимаи дуюми рӯзи 17-уми июн дар Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду маориф ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар нахуст зери Баёнияи муштараки […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 17-уми июн дар Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду маориф ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар нахуст зери Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, Ёдошти тафоҳум миёни Ҳукумати ҶТ тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бахши рушди соҳаи нассоҷӣ,Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти шаҳр ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод низ ба имзо расиданд.

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои шарикии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.

Муҳаммад Навоз Шариф аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон мувофиқ ба Покистон бо сафари расмӣ ташриф барад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.