Анонс
– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ҳунармандону косибони тоҷик таҷрибаи пешқадами Аврупо дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ мекунанд. Оғоз соати 10-00;
– Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Машварати дурӯзаи омодагӣ оид ба арзиши инсонӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳим дар бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»-ро мегузаронад. Оғоз соати 10-00;
– Дар Маркази фарҳанги «Батрия» намоиши филми мустанади фаронсавии коргардон Абдерраҳман Сиссако «Bamako» бо субтитрҳои англисӣ баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9214
сомонӣ;
1
евро –
6.7035
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.14
18
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1583
– Бори нахуст дар таърих суғуртаи ҳаёт ба қайд гирифта шуд.
2005
— Оғози сохтмони бузургтарини пул аз болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад.
2007
— Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба кор оғоз кард.
1896-1966
– Зодрӯзи адабиётшинос Саид Нафисӣ.
1911-1968
– Мавлуди актёри театру кино Наимҷон Ғиёсов.
1935-2001
– Зодрӯзи олим Мирзо Олимов.
1935
– Мавлуди журналист Карим Мирзоев.
1946
– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Фирӯз Шукуров.
1949
– Мавлуди журналист Низомиддин Аъзамбоев.
1962
– Зодрӯзи оҳангсоз Шӯҳрат Ашӯров.
1972
– Мавлуди сароянда Бунафша Шокирова.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +24+29.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр борону барф) меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +12+17.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.



