Изҳороти Донишгоҳи Экситер дар робита ба боздошти Александр Содиқов

Симон Райт, директори Коллеҷи улуми ҷамъиятӣ ва таҳқиқоти байнулмилалии Донишгоҳи Экситер, ки дар он Александр Содиқов ба ҳайси корманди илмӣ фаъолият мекунад, рӯзи 17-уми июн дар робита ба боздошти аспиранти тоҷик изҳороти расмӣ пахш намуд. «Александр Содиқов, ки тибқи қарордод бо Донишгоҳи Экситер кор мекунад, ҳангоми баргузор намудани мусоҳиба бо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри […]

ASIA-Plus



Симон Райт, директори Коллеҷи улуми ҷамъиятӣ ва таҳқиқоти байнулмилалии Донишгоҳи Экситер, ки дар он Александр Содиқов ба ҳайси корманди илмӣ фаъолият мекунад, рӯзи 17-уми июн дар робита ба боздошти аспиранти тоҷик изҳороти расмӣ пахш намуд.

«Александр Содиқов, ки тибқи қарордод бо Донишгоҳи Экситер кор мекунад, ҳангоми баргузор намудани мусоҳиба бо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ, минтақаи шарқи кишвар – Бадахшон боздошт шуд. Ҳадафи сафари ӯ ба Бадахшон танҳо ба баргузории кори илмиаш вобаста аст», – зикр мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Содиқов аз рӯи лоиҳаи маблағгузоришуда аз ҷониби Шӯрои илмии Британия таҳти унвони «Нерӯҳои пайдомешуда ва идораи ихтилофҳо дар Осиёи Марказӣ» таҳқиқот анҷом медод, ки ба ин лоиҳа Донишгоҳи Нюкастл ва ТҒД «Safeworld низ ҷалб шудаанд.

Бо хадамоти матбуоти Донишгоҳи Экситер метавон бо суроғаи почтаи электронии

[email protected]

 ё телефони 01392 722405 дар тамос шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.