Шоми рӯзи 20-уми июн маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби Раёсати тафтишоти Кумита боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати Александр Содиқов ва рӯзи 19-уми июн бар асоси қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҳабс гирифтани ӯ маълумоти мухтасар интишор намуд.
«Аз замони боздошт А.Содиқов бо адвокат таъмин аст. Хешону наздикони ӯ аз боздошташ огоҳ карда шудаанд», – гуфта мешавад дар хабар.
Айни замон А.Содиқов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ шуда, аз рӯи далели мазкур тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.
Қаблан ҳамсари боздоштшуда
Мушарраф Содиқова
изҳор намуд, ки аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ
боздошт шуд.
Раёсати КДАМ дар ВМКБ ӯро ба фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ гумонбар медонад.
Аммо профессор Ҷон Хизершоу, роҳбари илмии Александр Содиқов
тасдиқ кард,
ки бо ӯ аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳу воситаҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. «Александр бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷон Хизершоу.
Иттиҳоди Аврупо, САҲА, созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, Human Rights Watch ва Freedom House ба дастгирии Александр Содиқов садо баланд карда, ҳукуматдорони тоҷикро ба озодии ӯ даъват намуданд. Садҳо нафар олимони саросари дунё аз тақдири Александр Содиқов нигаронии шадид изҳор намуданд. Дар
сомона ба дастгирии Содиқов
дар ин бора изҳорот интишор шудааст, ки аз ҷониби беш аз 200 нафар олимон аз саросари дунё дастгирӣ ёфтааст.



