Суғд: Ҳукми 8 соли зиндон ба ду зан барои ҷалби одамон ба истисмор

Суди шаҳри Хуҷанд ду нафар занро барои ҷалби одамон ба истисмор ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чанде қабл баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокинони 33 ва 27-солаи шаҳри Хуҷанд Н.У. ва М.Р. ба итмом расидааст. Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Н.У. мутобиқи моддаи 132, қ. 2 (Ҷалби […]

Мавлуда Рафиева



Суди шаҳри Хуҷанд ду нафар занро барои ҷалби одамон ба истисмор ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чанде қабл баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокинони 33 ва 27-солаи шаҳри Хуҷанд Н.У. ва М.Р. ба итмом расидааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Н.У. мутобиқи моддаи 132, қ. 2 (Ҷалби одамон барои истисмор) ва шаҳрванд М.Р. мутобиқи моддаи 130 (Хариду фурӯши одамон, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо ҷойивазкунии ҷабрдида таввасути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Аз ҷониби суд исбот карда шудааст, ки онҳо бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Исфара И.Х. даромада, бо ваъдаи кори хубу шоиста дар хориҷи кишвар, ӯро бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай мебаранд. Дар он ҷо ҳуҷҷатҳои ӯро гирифта, маҷбур мекунанд, ки ба фоҳишагарӣ машғул шавад. Дар Дубай духтарро ба 7 ҳазор доллари ИМА фурӯхтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.