Суди шаҳри Хуҷанд ду нафар занро барои ҷалби одамон ба истисмор ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чанде қабл баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокинони 33 ва 27-солаи шаҳри Хуҷанд Н.У. ва М.Р. ба итмом расидааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Н.У. мутобиқи моддаи 132, қ. 2 (Ҷалби одамон барои истисмор) ва шаҳрванд М.Р. мутобиқи моддаи 130 (Хариду фурӯши одамон, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо ҷойивазкунии ҷабрдида таввасути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.
Аз ҷониби суд исбот карда шудааст, ки онҳо бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Исфара И.Х. даромада, бо ваъдаи кори хубу шоиста дар хориҷи кишвар, ӯро бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай мебаранд. Дар он ҷо ҳуҷҷатҳои ӯро гирифта, маҷбур мекунанд, ки ба фоҳишагарӣ машғул шавад. Дар Дубай духтарро ба 7 ҳазор доллари ИМА фурӯхтаанд.



