Чанде қабл дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба тамаъҷӯӣ ва ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрванди Чин гумонбар дониста мешуданд, ба итмом расид.
Аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 32-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Оятулло Маҳмадуллоев, ҳамзисти ӯ – Уғулой Баротова, сокини 23-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисор Алишер Зайниддиновро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан) ва 250 (Тамаъҷӯӣ, ки бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донист.
Ба иттилои манбаъ, Оятулло Маҳмадуллоев ба 15 соли зиндон, Уғулой Баротова ва Алишер Зайниддинов ҳар кадоме ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, мардон дар зиндони низомаш шадид ва зан дар маҳбаси низоми умумӣ адои ҷазо мекунанд.
«Маҳкумшудагон рӯзи 7-уми ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ ва бо роҳи фиреб шаҳрванди 39-солаи Чин Маймайтийининг Хедабайдиро ба манзили иҷораи Алишер Зайниддинов даъват мекунанд. Сипас меҳмонро баста, лату кӯб мекунанд. Тӯли 20 соат ба лату кӯб идома дода, аз ӯ барои озод карданаш дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пул талаб мекунанд. Шаҳрванди Чин ба додани танҳо 10 ҳазор доллари ИМА ба онҳо розӣ мешавад ва аз таксирони шиносаш дархост мекунад, ки ин маблағро биёрад. Ҷинояткорон маблаги пулиро гирифта, ӯро озод мекунанд», – гуфт манбаъ.



