USAID дар Душанбе форуми минтақавии соҳибкоронро ташкил кард

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт Форуми Соҳибкоронро, ки аз тарафи лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон ташкил карда шудааст, расман ифтитоҳ кард. Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар ҳамҷоягӣ бо соҳибкорон аз Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе имкониятҳои сармоягузорӣ ва додугирифти тиҷоратиро дар чор […]

ASIA-Plus



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт Форуми Соҳибкоронро, ки аз тарафи лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон ташкил карда шудааст, расман ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар ҳамҷоягӣ бо соҳибкорон аз Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе имкониятҳои сармоягузорӣ ва додугирифти тиҷоратиро дар чор кишвари номбаршуда, баррасӣ мекунанд.

Чорабинии зерин аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати шаҳри Кобул, Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон, Палатаи савдо ва саноати муштараки Покистону Афғонистон ва Лоиҳаи Мусоидат ба рушди савдои Барномаи Милали Муттаҳид  ташкил карда шудааст.

Тӯли ду даҳсолаи охир Осиёи Марказӣ ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдкунанда мубаддал гашта, дар оянда инкишофи устуворонаи иқтисодии он пешбинӣ мешавад.

«Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ имкониятҳои васеи тиҷоратии истифоданашуда мавҷуданд, ки аз он ҳар мамлакат метавонист самара гирад. Вазъи кунунӣ ҳолати бурднок барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор аст», – қайд намуд сафир Эллиотт.

Илова ба вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои тиҷоратии рӯ ба рӯ, ширкаткунандагои Форуми Душанбе бо мақсади шинос шудан бо  ҷараёни истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва саноати бофандагӣ ба чор ширкат ташриф меоваранд. Иштирокчиён доир ба созишномаҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу транзитӣ, ки соддагардонии савдоро миёни Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ мекунад, дастрасӣ пайдо мекунанд.

Лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона, барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.