Бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкӣ 37,1% афзуд



Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар маҷмуъ бақияи умумии қарзҳо ба зиёда аз 8,6 млрд. сомонӣ расида,  3,5 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва зиёда аз 5 млрд. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи қарзҳо 59,1%-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9%-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии мамлакат дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31% ва бо асъори хориҷӣ 24,20%-и солонаро ташкил намуд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз афзуда, аз ин маблағ 488,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,0 фоиз зиёд мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное