Бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкӣ 37,1% афзуд

Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар маҷмуъ бақияи умумии қарзҳо ба зиёда аз 8,6 млрд. сомонӣ расида,  3,5 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва зиёда аз 5 млрд. сомониро қарзҳо […]

ASIA-Plus



Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар маҷмуъ бақияи умумии қарзҳо ба зиёда аз 8,6 млрд. сомонӣ расида,  3,5 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва зиёда аз 5 млрд. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи қарзҳо 59,1%-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9%-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии мамлакат дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31% ва бо асъори хориҷӣ 24,20%-и солонаро ташкил намуд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз афзуда, аз ин маблағ 488,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,0 фоиз зиёд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.