Минбаъд номзадҳо ба вакилӣ дар Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд



Айни замон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишвар таҳия мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳияи санади мазкур коршиносони факултаҳои ҳуқуқшиносии макотиби олӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ҷалб карда шудаанд.

«Феълан ду варианти муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ – баргузории имтиҳон ё суҳбат мавриди таҳия қарор дорад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Додоев, ҳамчунин аз ҷониби коршиносону мутахассисон масъалаи санҷиши сабукшудаи донистани забони давлатӣ барои номзадҳо аз аққалиятҳои миллӣ низ баррасӣ мешавад. «Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигари коршиносон исрор доранд, ки мутобиқи талаботи қонун «Дар бораи забон», ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ба донистани забони давлатӣ – тоҷикӣ уҳдадоранд ва нисбати ин масъала дар қонунгузорӣ ҳеҷ сабукие пешбинӣ нашудааст», – таъкид дошт намояндаи КМИР ҶТ.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное