Минбаъд номзадҳо ба вакилӣ дар Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд

Айни замон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишвар таҳия мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳияи санади мазкур коршиносони факултаҳои ҳуқуқшиносии макотиби олӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва […]

Аваз Юлдошев



Айни замон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишвар таҳия мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳияи санади мазкур коршиносони факултаҳои ҳуқуқшиносии макотиби олӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ҷалб карда шудаанд.

«Феълан ду варианти муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ – баргузории имтиҳон ё суҳбат мавриди таҳия қарор дорад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Додоев, ҳамчунин аз ҷониби коршиносону мутахассисон масъалаи санҷиши сабукшудаи донистани забони давлатӣ барои номзадҳо аз аққалиятҳои миллӣ низ баррасӣ мешавад. «Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигари коршиносон исрор доранд, ки мутобиқи талаботи қонун «Дар бораи забон», ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ба донистани забони давлатӣ – тоҷикӣ уҳдадоранд ва нисбати ин масъала дар қонунгузорӣ ҳеҷ сабукие пешбинӣ нашудааст», – таъкид дошт намояндаи КМИР ҶТ.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.