Раҳмон Обамаро бо ҷашни Рузи истиқлолият табрик кард



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба президенти ин кишвар Барак Обама барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ дониста, ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд ва ҷонибдори инкишофу нумӯъи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун аст. «Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд», – омадааст дар барқия.

Дар барқия гуфта мешавад, нақши Амрико дар масоили ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақа низ назаррас аст. «Аз ин рӯ умедворем, ки кишвари Шумо, бо назардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ, ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард», – зикр мегардад дар барқия.

spot_imgspot_img

Популярное