Тендери эълоншуда ба коркарди кони бузургтарини нуқра дар Осиёи Марказӣ – «Конимансури Калон» баргузорнашуда шуморида мешавад, зеро корҳо бо довталаби ахир – Консорсиуми ширкатҳо бо роҳбарии «Казсинк»-и Қазоқистон: ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), Glencore Inc (Швейтсария) ва КМТ «Адрасмон» идома наёфтанд.
Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол дар ин робита изҳор намуд, ки сарфи назар аз довталаб будани ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба коркарди ин кон аз қабили BHP Billiton (бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон), Zijin Mining (истеҳсолкунандаи бузургтарини тилло дар Чин) ва JNMC (истеҳсолкунандаи бузургтарини никел дар Чин ва яке аз ширкатҳои кӯҳкории бузургтарин дар Осиё), тендер баргузор нашуд.
«Сабабҳои он зиёданд, масалан, бисёре аз иқтисодчиён мегӯянд, агар коркарди ин кор оғоз гардад, нархи нуқра дар ҷаҳон коҳиш меёбад. Таври маълум, нархи нуқра дар ҷаҳон бе ин ҳам тамоили поинравӣ дорад. Талаботи ҳукумати Тоҷикистон дар он ифода меёбанд, ки ҳангоми коркарди кон дар як сол на камтар аз 15 тонна маъдан коркард шавад ва ман бар ин назарам, ки яке аз сабабҳои асосии аз тендер даст кашидани ширкатҳо маҳз ҳамин аст, зеро ин ҳаҷми кор хеле зиёд мебошад», – шарҳ дод ӯ.
Ба қавли вай, «Конимансури Калон» – кони бузург буда, ҳукумати ҷумҳурӣ намехоҳад, ки он ба таври оддӣ мавриди коркард қарор гирад ва аз ин рӯ, ба коркарди он бо меъёрҳои ҷаҳонӣ афзалият медиҳад.
Ҷумъазода аз эҳтимол дур намедонад, ки масъалаи эълони такрории тендер ба коркарди кони «Конимансури Калон» дар комиссияи ҳукуматӣ баррасӣ мешавад ва агар ширкатҳои қаблан довталаб хоҳиши иштирок дар онро дошта бошанд, метавонанд ширкат биварзанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон расман барои коркарди маъдани Кони Мансури Калон тендер эълон кард. Нахуст 10 ширкат ҷиҳати иштирок дар тендер ариза пешниҳод намуданд. Аммо аввали моҳи марти соли 2010 рӯйхати мухтасари иштирокчиёни тендер эълон шуд, ки ба он ширкатҳои BHP Billiton (бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон), Zijin Mining (истеҳсолкунандаи бузургтарини тило дар Чин), JNMC (истеҳсолкунандаи бузургтарини никел дар Чин ва яке аз ширкатҳои кӯҳкории бузургтарин дар Осиё) ва консорсиуми ширкатҳои «Казцинком», ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), Glencore Inc (Швейтсария), КМТ «Адрасмон» (Тоҷикистон) шомил гардиданд.
Минбаъд Zijin Mining ва JNMC бо сабабҳои гуногун аз ширкат дар тендер даст кашиданд. Тобистони соли 2012, Ширкати BHP Billiton (Австралия) аз иштироки минбаъда дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои коркарди кони Кони Мансури Калон худдорӣ кард.
Як сол қабл эълон шуд, ки барои коркарди кони «Конимансури Калон» ду ширкат – консорсиум таҳти роҳбарии «Казсинк» (Қазоқистон) ва бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон «BHP Billiton» (Нидерланд) довталабӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти Саридораи геологияи ҶТ, захираҳои кони «Конимансури Калон», ки такроран аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int. мавриди омӯзиш ва ҳисобу китоб қарор гирифтанд, 70 ҳазор тонна нуқра (қаблан 57 ҳазор тонна) арзёбӣ мешаванд.
Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонна маъданро бо таркиби нуқра – 49 грамм дар 1 тонна, сурб – 0,49 % дар 1 тонна ва рӯҳ – 0,38% дар 1 тонна ташкил медиҳад. Бо ҷуз нуқра, ҳамчунин кон дорои захираи бойи сурб ва рӯҳ мебошад. Пас аз баҳодиҳӣ ба пешниҳодҳои тендерии ду довталаб, Комиссияи давлатии тендерӣ ширкати ғолибро интихоб мекунад.
Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), ки узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба сифати мушовири лоиҳа иштирок менамояд. Ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int ва ташхиси ҳуқуқӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии White & Case гузаронида шудааст.
«Конимансури Калон» – кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад, ки майдони ҳудуди 4 километр метри мураббаъро ишғол кардааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои роҳандозии истихроҷи маъдан аз кони мазкур беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми имрӯз дар Алмаато бо иштироки ширкатҳои воридшаванда ба ҳайати консорсиуми Қазоқистон конфронси матбуотӣ доир мегардад. Мавзӯи конфронси матбуотӣ – вазъ атрофи тендери байнулмилалӣ оид ба коркарди кони «Конимансури калон» мебошад. Алҳол маълум нест, ки сари кадом масъала мушаххасан сухан меравад.



