Восеъ: Гумонбарии ду ноболиғ дар дуздии амволи корхонаи маҳаллӣ

Кормандони милисаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ду нафар сокини ноболиғи ноҳияро дар дуздии амволи корхонаи маҳаллӣ гумонбар медонанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ду ноболиғ пинҳонӣ ба қаламрави корхонаи «Ресандагӣ»-и мутааллиқ ба ҶСП «Авесто» ворид шуда, аз онҷо 1-адад яхдон, 1-адад чангкашак, 1-адад компютер бо принтер, 1-адад базаи телевизор, 1-адад мизони электронӣ, 250-кило […]

ASIA-Plus



Кормандони милисаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ду нафар сокини ноболиғи ноҳияро дар дуздии амволи корхонаи маҳаллӣ гумонбар медонанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ду ноболиғ пинҳонӣ ба қаламрави корхонаи «Ресандагӣ»-и мутааллиқ ба ҶСП «Авесто» ворид шуда, аз онҷо 1-адад яхдон, 1-адад чангкашак, 1-адад компютер бо принтер, 1-адад базаи телевизор, 1-адад мизони электронӣ, 250-кило нахи риштаи “НМ/1”, 400-кило нахи пахтаи сафед, 1-адад сумкаи чармин ва 689-дона линчаҳо барои бор кардани пахта, ки арзиши умумиашон беш аз 16 ҳазор сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки 2 нафар ноболиғ, сокинони деҳаи Заркамар ба дуздӣ даст зада, молу маҳсулоти фабрикаи “Ресандагӣ”-ро аз они худ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.