Ҷаримабандии як сокини Нуробод барои дузанагӣ



Бо қарори суди ноҳияи Нуробод сокини маҳаллӣ Шарафиддин Ҳомиев барои ду зан доштан дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи ҶТ хабар доданд, Ш.Ҳомиев соҳиби зан ва панҷ фарзанд буда, бо зани дигаре низ ақди никоҳ мебандад ва бо ҳарду зан зиндагонии якҷоя доштааст.

«Бо назардошти вазъи иҷтимоии Ш.Ҳомиев суд тасмим гирифт, ки нисбати ӯ чораи ҷазои маҳрумият аз озодиро содир накунад», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное