Муовини раиси пойтахт оид ба ташкили захираҳои маҳсулоти ғизойӣ ҳисобот медиҳад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 31 июл дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия масъалаҳои баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагии пойтахт ба гузаронидани […]

ASIA-Plus



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 31 июл дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия масъалаҳои баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагии пойтахт ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мешаванд.

«Дар иҷлосия ҳамчунин муовинони раиси шаҳр Бурҳон Назаров ва Низом Ҳакимов оид ба иҷрои қароҳои қаблан қабулшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт» ва «Дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе» ҳисобот медиҳанд», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳамчунин ҷараёни номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе низ муҳокима мешаванд.

«Бо қарори раиси пойтахт, барои ташкили кори иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад», – омадаст дар иттилоъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.