Ҳабси мансабдори ҳукумати ноҳияи Фархор барои порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор Ширинбек Маҳмудовро барои порагирӣ ба ҳабс гирифтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии мазкур, боздоштшуда барои хусусигардонии хирмани собиқ хоҷагии «Коммунизм» бо роҳи фиреб аз сокини маҳаллӣ Суннатулло Мутавалиев ба сифати пора 5 ҳазор сомонӣ ва […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор Ширинбек Маҳмудовро барои порагирӣ ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии мазкур, боздоштшуда барои хусусигардонии хирмани собиқ хоҷагии «Коммунизм» бо роҳи фиреб аз сокини маҳаллӣ Суннатулло Мутавалиев ба сифати пора 5 ҳазор сомонӣ ва 100 доллари ИМА гирифта, маблағро барои манфиатҳои шахсиаш масраф кардааст.

Гуфта мешавад, нисбати Ширинбек Маҳмудов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии он ба анҷом расонида шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.