Ҷамъоварии беш аз 360 ҳазор тонна зироати ғалладона

То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 360 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар кишвар дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Ба иттилои манбаъ, ба аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона дар майдони беш аз 128 ҳазор гектар даравида шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар […]

ASIA-Plus



То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 360 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар кишвар дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона дар майдони беш аз 128 ҳазор гектар даравида шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31 сентнериро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон баҳри ҷамъоварии ҳосили зироати ғаллдаона дар ҷумҳурӣ 244 комбайн сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор тонна кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.