Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария дар бахши молия

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо  роҳбари департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои молияву бонкӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байниҳукуматӣ ва ҳамчунин таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар бахши тиҷорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир […]

ASIA-Plus



Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо  роҳбари департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои молияву бонкӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байниҳукуматӣ ва ҳамчунин таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар бахши тиҷорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масъалаҳои ҷалби сармояи Швейтсария ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорату бахши хусусӣ, ҷорисозии технологияҳои нав ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар сатҳҳои гуногун ва шаклҳои қобили қабул, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат карда тавонанд, низ табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, вазири молияи Тоҷикистон нақши Швейтсария дар баргузории ислоҳот дар бахши молияи ҷумҳуриро махсусан таъкид намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.