Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ба 75 ҳазор гектар расид



Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта ба ҳудуди 75 ҳазор гектар расид.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон дар майдони наздики 70 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, феълан баҳри мубориза бо паҳншавии малах миқдори зиёди техника ва қувваи корӣ сафарбар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, паҳншавии малах бештар  дар ноҳияҳои Ҷиликул, Хуросон, Вахш, Данғара, Ҷ.Румӣ, Бохтар, Қубодиён, Фархор, Қумсангир, Шаҳритуси  вилояти Хатлон, Зафаробод, Мастҷоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Варзоб мушоҳида мегардад.

«КВД «Мубориза бо малах» бо мақсади муқовимати бештар пурсамар бо паҳншавии малах ба ин ноҳияҳо беш аз 30 тракторҳо дорупошӣ фиристод», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони фарогири ин ҳашароти зараррасон тақрибан ба миқдори 30 ҳазор гектар коҳиш ёфтааст.

spot_imgspot_img

Популярное