Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ба 75 ҳазор гектар расид

Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта ба ҳудуди 75 ҳазор гектар расид. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон дар майдони наздики 70 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, феълан баҳри мубориза бо паҳншавии малах миқдори зиёди техника ва қувваи корӣ сафарбар шудааст. Ба иттилои манбаъ, паҳншавии малах бештар  дар ноҳияҳои Ҷиликул, […]

ASIA-Plus



Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта ба ҳудуди 75 ҳазор гектар расид.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон дар майдони наздики 70 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, феълан баҳри мубориза бо паҳншавии малах миқдори зиёди техника ва қувваи корӣ сафарбар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, паҳншавии малах бештар  дар ноҳияҳои Ҷиликул, Хуросон, Вахш, Данғара, Ҷ.Румӣ, Бохтар, Қубодиён, Фархор, Қумсангир, Шаҳритуси  вилояти Хатлон, Зафаробод, Мастҷоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Варзоб мушоҳида мегардад.

«КВД «Мубориза бо малах» бо мақсади муқовимати бештар пурсамар бо паҳншавии малах ба ин ноҳияҳо беш аз 30 тракторҳо дорупошӣ фиристод», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони фарогири ин ҳашароти зараррасон тақрибан ба миқдори 30 ҳазор гектар коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.