Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои амниятии САҲА дар Вена



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода дар Рӯзҳои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони “Тавсеаи амният тавассути дипломатияи об: нақши САҲА” дар Вена ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур Дабири Кулли САҲА Ламберто Занниер, Раиси Шӯрои доимии Созмон (Швейтсария) Сафир Томас Гремингер ва шоҳзодаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун  Ал-Ҳассан бин Талал суханронӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи якуми чорабинии Рӯзҳои амниятии САҲА, ки ба мавзӯи “Нигоҳи амниятӣ доир ба масъалаҳои об” бахшида шуда буд, маърӯза намуда, дар муҳокимаи ин масъала низ иштирок кард. 

Гуфта мешавад, ширкаткунандагони чорабинии мазкур мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дигаршавии иқлим, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва нақши дипломатияи об дар қаламрави кишварҳои САҲА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное