Мулоқоти нахуствазири ҷумҳурӣ бо намояндаи «Газпром»

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори идоракунандаи ширкати «Газпром Интернэшнл» Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ карданд. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо атрофи […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори идоракунандаи ширкати «Газпром Интернэшнл» Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо атрофи Созишнома оид ба гузаронидани корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ дар майдонҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2008 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром» ба имзо расида буд, табодули назар намуданд.

«Дар ҷараёни мулоқот зарурати соли равон дар Душанбе баргузор намудани конфронси геологҳо таъкид шуд, ки ба таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафту газ мусоидат мекунад», – қайд кард Муҳиддинов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.