Тоҷикистону Русия пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро баррасӣ карданд

Чанде қабл зимни дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳо Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд. Намояндаи расиии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри […]

ASIA-Plus



Чанде қабл зимни дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳо Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Намояндаи расиии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Мскав баргузоршуда ҷонибҳо ба дурнамои рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар остонаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Имомуддин Сатторов ва Анатолий Антонов муҳимияти талошҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои хориҷшаванда аз Афғонистонро таъкид доштанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин ҳошия кӯшиши муштараки ҷонибҳо дар тадбирҳои минбаъда оид ба таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистион ва баланд бардоштани иқтидори ҳарбии пойгоҳи низомии 201-ум ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа тасдиқ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.