Кумаки навбатӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар дастрасии маош

Мусоидат ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия маҳсуб меёбад. Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта бо мусоидати намояндагӣ ба ду нафар муҳоҷирони тоҷик – зодаи ноҳияи Рашт […]

Аваз Юлдошев



Мусоидат ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия маҳсуб меёбад.

Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта бо мусоидати намояндагӣ ба ду нафар муҳоҷирони тоҷик – зодаи ноҳияи Рашт Шуҳрат Қулов ва сокини ноҳияи Шаҳритӯс Кароматулло Мӯминов мутаносибан дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 105 ҳазор рубл музди меҳнаташон пардохта шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар муроҷиати худ ба намояндагӣ муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки моҳҳои ахир раҳбарияти корхонаҳои сохтмонӣ бо сабабҳои номаълум пардохти музди меҳнатро ба дарозо мекашанд. «Пас аз суҳбати корманди намояндагӣ бо роҳбарони корхонаҳо ин масъала ба нафъи бинокорони тоҷик ҳал шуд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки муроҷиати муҳоҷирони кории тоҷик ба намояндагӣ доир ба ин масъала хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. «Мутаассифона, қариб дар ҳама ҳолатҳо миёни корфармо ва коргар шартномаи меҳнатӣ ба имзо нарасидааст, ки ба рӯи кор омадани мушкилот зимни пардохти музди меҳнат боис мегардад», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.