Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат бардошт



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 1 нафар ҳалок ва 1 тани дигар ҷароҳат бардошт.

Тавре роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода хабар дод,  аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми бунёди яке аз иншоотҳо коргари 38-солаи ҶСК «Роғунгэсстрой» Ҷойлобов аз баландии 23 метр ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, то ин дам нимаи баҳори соли равон ҳангоми иҷрои кор дар яке аз нақбҳо корманди 27-солаи ширкати эронии «Умрон-Хрун», ки як қисмате аз корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро анҷом медиҳад, ҷароҳат бардоштааст.

«Ҳангоми иҷрои корҳо дар иншооти саноатӣ дар маҷмӯъ дар зарфи шаш моҳи соли равон панҷ нафар ба ҳалокат расиданд», – иброз дошт Саломзода.

Зимнан зикр гардид, ки муддати 2 соли ахир Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ ба фаъолияти пурра дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» имкон надорад.

«Сабаб дар он аст, ки алҳол дар он ҷо ташхиси лоиҳа гузаронида мешавад. Умедворем, ки бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ хулосаҳои коршиносони байнулмилалӣ ба мо дастрас гардида, аз ҷумла бо зиёд кардани шумори кормнадонамон, корро дар ин иншоот тақвият мебахшем», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное