Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи китоб» – 4 сентябр Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014-ро баргузор менамояд.
Кумитаи тадорукоти озмун иттилоъ медиҳад, ки тибқи муқарароти Низомномаи Озмун санаи 30 июни соли 2014 мӯҳлати қабули аризаҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун ба охир расид.
То санаи 30 июни соли 2014 ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун 41 ариза ҷиҳати иштирок дар озмун аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», 44 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» ва 3 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шуд.
Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» 2 китобхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 4 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 1 китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, 4 китобхонаи донишгоҳӣ, 7 китобхонаи шаҳрӣ ва 23 китобхонаи ноҳиявӣ бақайд гирифта шуданд.
Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» аз 44 аризаи пешниҳодгардида китобдорон аз 13 шаҳр ва 25 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» 1 ариза аз вилояти Хатлон, 1 ариза аз ВМКБ ва 1 ариза аз шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни бақайдгирифташудаи озмун то санаи 15 августи соли 2014 муқарар карда шудааст.
Иштирокчиёни озмун ба воситаи овози гирифташуда (тариқи паёмакҳо) инчунин аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ карда мешаванд. Дар озмун ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар карда шудааст. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.
Натиҷаи озмун дар «Рӯзи китоб», 4 сентябр, дар ш. Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.
Оид ба рафти овоздиҳӣ шаҳрвандон метавонанд аз сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо нишонии
www.gptb.tj
маълумот дарёт намоянд.
Мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.



